Зарубин ва фаъолияти забоншиноси ӯ
Зарубин ва фаъолияти забоншиноси ӯ
Таълифоти Зарубинро дар соҳаи забон ба се гурўҳ чудо кардан мумкин аст. 1. Навиштаҳое, ки ба тадқиқи забонҳои Помирй бахшида шудаанд. 2. Таълифоте, ки ба забони точикй бахшида шудаанд. 3. Таснифоти марбути забонҳои ғайриэронй. Аз ин мавзўъҳо қисми асосиро мақола ва асарҳое ташкил медиҳанд, ки ба таҳқиқ ва омўзиши забонҳои мухталифи помирй дахл доранд. Адади навиштаҳои И.И.Зарубин оид ба забони точикй чандон зиёд нест. Вай дар ин мавзўъ ду мақола «Вазифаҳои этнологии экспедитсияи Осиёи Миёна дар тобистони соли 1926» ва як рисолаи хурд. «Очерки забони гуфтугўй яҳудиёни Самарқанд» соли 1928 таълиф ёфтааст. Ин асарҳо асосан ба омўзиши шеваҳои забони точикй бахшида шудааст. В.С.Расторгуева дар хусуси ин таълифоти зарубин навиштааст. Се асари мазкури И.И. Зарубин дар инкишофи забоншиносии точик аҳамияти фавқулота дошт.
Энсиклопедияе, ки ба он И.И. Зарубин роҳбарй мекард, се моҳ давом кард ва дар ин муддат асосан мавзеъҳои кўҳистон –Фалғар, Мастчоҳ, Искандар ва шаҳрҳои Самарқанд, Панчакент, Ўротеппа ва Тошканд ба қатори маводи этнографй доир ба лаҳча 1200 матн сабт намуд, ки аз нутқи зиндаи гуфтугў гирифта шуда, барои акс намудани хусусиятҳои лаҳчавй қодир буд. Натичаи илмии кори экспедитсия дар соҳаи шевашиносй дар ҳисоботи пешакии роҳбари он – И.И.Зарубин мухтасаран ба ин тарз ифода ёфта буд: «Аломати махсуси забони точикй дар қисмати фонетика иборат аз он аст, ки овозҳои садонок аз лиҳози миқдор ва сифат бо ҳам робитаи зич дорад. Чунин ба назар мерасад, ки дарозию кўтоҳии айнан як овоз аҳамияти фонетикй надорад. Дар соҳаи морфология чиҳати намоёнро як гурўҳ феълҳои навбунёд ташкил медиҳанд. Ин қабил феълҳо, ки ба воситаи сифати феълй ҳол сохта шудаанд.
Ин рўйдодҳо, махсуси тамоми лаҳчаҳои забони точикй ҳисоб меёбанд. Дар мақолаи «Ҳисоботи кори этнологии Осиёи Миёна» соли 1926 дар қатори бисёр масъалаҳои этнография мавзўъҳои забоншиносй низ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Муаллиф зимни муқоисаи воситаҳои нутқи зиндаи точикй ва форсй хусусиятҳои асосй ва фарқкунандаро, ки забони точикй дар қисмати фонетика ва морфология дорад, тасвир кардааст. Мавчудияти овозҳои мазкурро И.И.Зарубин ҳамчун факти чолиби диққат дар мисоли Яҳудиёни Самарқанд исбот кард.
• Муаллиф баробари муқаррар намудани истифодаи фонемаҳои ў ва э дар гуфтори Яҳудиён тавсифи сифатии онҳоро низ нишон медиҳад. Мухтасари шарҳи ў доир ба фонемаи «ў» баракси «о»-и васеи яҳудию точикй (ки аз форсй пайдо шудааст) аз лиҳози акустикй дар байни «о» ва «у» мавқеи мобайниро ишғол намуда, бисёр танг садо медиҳад ва ба овози охир –овози «у» наздик аст ва аз ҳамин сабаб дар таранскритсияи мавчуд ба овози «ў» тасвир меёбад. Дар гуфтори яҳудиёни Самарқанд оў ва ў фонемаҳои фарқкунанда буда, омезиши онҳо номумкин аст.