Услубҳои нутқ
Услу б ҳ ои ну тқ . Услу бҳ ои забони адабии ҳ озираи тоҷ ик Нақша: Услуб чист Услуби бадеӣ. Услуби публисистӣ Услуби илмӣ Услуби расмӣ- коргузорӣ ё идорӣ Услуб калимаи арабӣ буда, маънои он роҳу равиш ва тарзу тариқ аст. Дар забоншиносӣ услуб дар маънои тарзу равиши сухангӯйӣ меояд. Дар адабиётшиносӣ ба ҷойи услуб вожаи сабк истифода мешавад, ки низ дар маънои роҳу равиши сухангӯйӣ корбурд мешавад. Вале, ин роҳу равиши сухангӯйӣ дар адабиётшиносӣ, аслан, роҳу равиши суханпардозӣ аст, на сухангӯйие, ки дар забоншиносӣ фаҳмида мешавад. Суханпардозӣ ин пардози сухан, яъне зебу зинат ва оро додани сухан аст, ки аз тариқи санъатҳои бадеӣ амалӣ мешаванд. Аммо, дар забоншиносӣ мафҳуми роҳу равиши сухангӯйӣ худ чизи дирест, ки он, куллан, ба бадеият сару кор надорад. Суханпардозӣ ё бадеъкорӣ дар сухан фақат яке аз чаҳор қисми услубҳои забонро дарбар мегирад, ҳол он ки ҳама сабкҳои адабӣ худ дар гирди пардозкорӣ ва бадеияти сухан давр мезананд ва мақсуди ҳар яке бо тарзе махсус ба худ тасвир кардани ҳодисаву воқеиятҳо мебошад, ки ин тасвирҳо танҳо дар пардаи санъатҳои бадеӣ аз килки шоир ё нависанда таровиш мекунанд. Бо ҳамин маънӣ, услубҳо дар забон ҳамагӣ дар чаҳорчӯби суханпардозӣ нестанд, ончунонки сабкҳо дар адабиёт ҳамагӣ дар ин чаҳорчӯбанд. Агар услуби бадеиро дар назар нагирем, дар дигар услубҳо суханпардозӣ ва зебу зинат додани сухан вуҷуд надоранд ва истифода намешаванд. Албатта, дар услуби публисистӣ ҳам ҷо- ҷо аз пардози сухан корбурд мешавад, вале дар қиёс бо кулли махсусиятҳо ва қавоиди ин услуб, бадеият дар ин услуб дар дараҷаи ночиз ва ҳақир боқӣ мемонад. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик чаҳор услуб, яъне чаҳор навъи сухангӯйӣ мавриди истифода қарор доранд, ки инҳоянд:
1. Услуби бадеӣ 2. Услуби публисистӣ 3. Услуби илмӣ 4. Услуби расмӣ- коргузорӣ ё идорӣ Услу би бадеӣ . Ин услуб, ончунонки дар боло гуфта омад ва ончунонки аз худи номаш дида мешавад, ба бадеият сару кор дорад. Бо ин услуб асарҳо и бадеӣ навишта мешаванд. Ашъори устод Рӯдакӣ, “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ, “Маснавӣ”- и Мавлавӣ, “Бӯстон” ва “Гулистон”- и Саъдӣ, ғазалиёти Ҳофиз, Шайх Камол, Бадриддини Ҳилолӣ, Бедил ва садҳо шоирони дигар- ҳама осори бадеиянд. Ин услуб ҳам аз тариқи назм ва ҳам аз тариқи наср пеш бурда мешавад ва тавассути ин услуб шоирону нависандагони тоҷик асарҳои худро тайи садсолаҳои зиёд эҷод менамуданд ва алҳол ҳам эҷод намуда истодаанд. Асоси ин услуб, яъне пойдевори асосии сутуни ин услуб тасвироти хаёлӣ мебошанд, ки аз тариқи санъатҳои гуногуни бадеӣ, ки ба санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ ҷудо мешаванд, роҳандозӣ мешаванд. Чанде аз ин санъатҳо ташбеҳ, истиора, киноя, танз, муболиға, иғроқ, талмеҳ, тамсил, иҷоз, ибҳом, тазод, таҷнис, ташхис … мебошанд, ки нақши онҳо дар тасвирӣ кардани хаёл ва таъсирбахш намудани сухан бисёр бузург аст. Аз тариқи ҳамин воситаҳои пардози сухан забони асарҳои бадеӣ забони рангин ва дилписанд аст ва аз забони дигар асарҳо, масалан, забони осори илмӣ фарқ мекунад. Яке аз вижагиҳои дигари услуби бадеӣ ин ба кор бурдани ҳикмату андарз ва панду насиҳат мебошад ва, ба таври дигар, услуби бадеӣ ҷанбаи пандунасиҳатӣ ё ҳикмативу андарзӣ дорад. Бо ин услуб ҳама навъҳои назм аз қабили: дубайтӣ, тарона, рубоӣ, ғазал, қитъа, достон, маснавӣ … ва ҳама навъҳои наср аз қабили: повест, пиеса, ҳикоя, роман, афсона, ёддошт … эҷод мешаванд. Пешбарандагони ин услуб адибон, яъне шоирону нависандагон мебошанд. Ин услуб яке аз қадимтарин услубҳои забони тоҷикӣ аст, таърихи он ба зиёда аз ҳазор сол мекашад. Услу би пу блисистӣ . Ин услуб махсуси хабарнигорону журналистон аст. Ин услуб ба иттилоот ва хабаррасонӣ сару кор дорад, иттилоъ ва хабарҳо дар мавзӯоти гуногуни дархӯри ҷомеа, чи иҷтимоӣ, чи сиёсӣ, чи иқтисодиву тиҷоратӣ, чи низомиву ҳарбӣ, чи илмиву фарҳангӣ, чи варзишиву тандурустӣ, чи … Чи навигарӣ ва навгоние, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа рух медиҳанд, аз тариқи услуби публисистӣ паҳн ва интишор мегарданд. Аз ҳамин ҷиҳат, хусусиятҳои асосии ин услуб, паҳн намудан ва
интишори ахбору иттилооти гуногунмавзӯъ ва гуногунмазмун дар ҷомеа аст. Пешбарандагони ин услуб мухбирон, яъне хабарнигорон ва журналистон мебошанд. Васоити пешбарандаи ин услуб, телевизион, радио, шабакаи интернет, рӯзнома, ҳафтанома, ҳафтавор, моҳнома, маҷалла, журнал ва ҳар чизе ки қобили интишор ва хабаррасонӣ ба ҷомеа аст, мебошанд. Ин услуб ҷавонтарин услуб дар забони тоҷикӣ мебошад. Таърихи пайдоиши ин услуб ба таърихи мавҷудияти аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ бо номи “Бухорои Шариф”, “Овози тоҷик”, ки бо ибтикори устод Айнӣ ва ҳаммаслакони ӯ интишор мешуданд, сахт алоқаманд аст. Услу би илм ӣ . Ин услуб ба илм ва аҳли илм тааллуқ дорад. Бо ин услуб олимон ва муҳаққиқон асарҳои худро эҷод мекунанд. Ҳама риштаҳои илмӣ бо ҳама фанҳои таълимияшон тавассути ҳамин услуб роҳандозӣ мешаванд. Бо ин услуб мақолаҳои илмӣ, рефератҳо, корҳои курсӣ, корҳои дипломӣ, авторефератҳо, рисолаҳои илмӣ, монографияҳо, асарҳои бузургҳаҷми илмӣ- таҳқиқӣ ва монанди инҳо навишта мешаванд. Пешбарандагони ин услуб аз донишҷӯёну аспирантон ва коромӯзону ассистентон оғоз шуда, то ба номзадҳову докторон, академикҳо ва узвҳои вобаста мерасанд. Хусусиятҳои ин услуб тавассути қоида ва конунияти илмӣ асоснок кардани ягон мавзӯъ мебошад, ки ба воситаи далелу бурҳон ва санаду асос далелноку мустанад гардонда мешаванд. Яъне, агар қоида ва қонуният зербинои услуби илмӣ бошанд, далел, бурҳон, асосу истинод воситаҳои мустаҳкамшавӣ ва ростойии ин зербино мебошанд. Услуби илмӣ ба ҳама илмҳо: таъриху фалсафа, ҳуқуқу ҷомеашиносӣ, кимиёву физика, биологияву геология, забону адабиёт ва садҳо илми дигар хос аст. Ягон илм бе ин услуб пеш намеравад ва тараққӣ намекунад. Ин услуб ҳам қадимтарин услуб дар забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол қабл, Имом Албухорӣ “Ассаҳеҳ”, Абӯалӣ Муҳаммади Балъамӣ “Таърихи Табарӣ”, Абӯрайҳони Берунӣ “Аттафҳим” ва “Осорулбоқия”, Ибни Сино “Алқонун” ва “Китобушшифо”, Маҳмуди Гардезӣ “Зайнулахбор” ва даҳҳо олимони дигари тоҷик осори илмии худашонро эҷод карда буданд ва пойдевори мустаҳкаму бузургро дар сутуни ин услуб гузошта буданд. Услу би расм ӣ- к оргу зорӣ ё идорӣ. Ин услуб дар сиёсат ва давлат ба кор бурда мешавад. Асоси ин услуб ба воситаи ҳуҷҷатҳо
тарҳрезӣ мешавад. Хусусияти асосии ин услуб ҳам тарҳрезӣ ва нигоштани навъҳои гуногуни ҳуҷҷат ва аснод аст. Услуби идориро ҳам метавон аз қадимтарин услубҳо дар забони тоҷикӣ эътироф кард, зеро тоҷикон аз зумраи он миллатҳое мебошанд, ки ҳанӯз аз даврони бисёр қадим соҳиби давлатдориву сиёсатмадорӣ буданд. Кӯшониён, Ҳахомашиён, Сосониён ва даҳҳо давлатҳои эрониро метавон ном гирифт, ки тоҷикон ҳам ба ҳайси ҷузъи ҷудонашавандаи эрониён дар пайдоишу инкишоф ва рушду нумӯи ин давлатҳо саҳми бузург гузошта буданд. Ҳатто, охирин ва ҷавонтарин давлатдории бузурги тоҷикон бо номи Сомониён таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад, ки ин аз собиқаи бисёр қадим доштани идораи давлат, ки тавассути услуби идорӣ роҳандозӣ мешуд, шаҳодат медиҳад. Чунонки аз осори таърихӣ ба мо маълум аст, дар давлати Сомониён нӯҳ- даҳ девон, яъне вазорат вуҷуд доштанд, ки ҳар яке ба вазифаҳои махсуси худ муваззаф ва масъул буданд. Вуҷуди ин вазоратҳои гуногунсоҳа шаҳодат аз вуҷуди ҳуҷҷатҳо ва асноди гуногунсоҳа медиҳад. Ҳамчунин, дар китобҳои таърихӣ вожаҳое монанди нома, чак, ҳуҷҷат, санад, таърих, мӯҳр, имзо … бисёр дида мешаванд, ки ҳам шаҳодат аз вуҷуди услуби идорӣ медиҳанд. Бо шарофати истиқлолиятро соҳиб шудан ва бо шарофати давлатӣ шудани забони тоҷикӣ, услуби идорӣ имрӯз рӯ ба тараққиву инкишоф дорад. Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатӣ амалиёту фаъолият тавассути ҳамин услуб роҳандозӣ мешаванд.